Давлаталӣ Саид: Чунин камобиро таърих ёд надорад

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар маросими ба истифода додани як зеристгоҳи нав дар ноҳияи Бободҷон Ғафуров аз рӯйдоди бесобиқа дар соҳаи экология ва энергетика дар кишвар гуфт: «Дар таърих ҳеҷ гоҳ чунин вазъ дар робита бо камбуди об вуҷуд надошт, ки имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст. Ӯ илова кард, ки мутахассисони гидроэнергетика низ посух дода наметавонанд, ки кай чунин норасоии шадиди захираҳои обӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ тавсияҳоро барои аҳолӣ оид ба сарфаи энергияро бори дигар ба аҳолӣ ёдовар кардааст.
«Агар мо аз рӯи тавсияҳои роҳбари давлат амал карда, нерӯи барқро эҳтиёткорона истифода барем, пас, ба андешаи ман, танҳо дар он сурат мо метавонем аз мушкилоти интиқоли бефосилаи барқ ҷилавгирӣ кунем», — гуфт мансабдори ҳукумат.
Давлаталӣ Саид афзудааст, ки вазъи таъминоти барқ дар Тоҷикистон таҳти назорати мустақими президент аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *