Дастаи«Ҳосилот»: Мо ба азму иродаи Рустами Эмомалӣ бовар дорем

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ варзиш ҳамчун сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин соҳаи муҳимми давлат сол то сол рушд намуда истодааст. Барои боз ҳам беҳтар рушду инкишофи варзиш аз ҷониби Роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки ба инкишофи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ такони хубе бахшид.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ҷиҳати рушди варзиш ва махсусан инкишофи футбол дар мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои созандаву бунёдкорона роҳандозӣ шуда истодааст, дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси бевоситаи Мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо дар қаламрави мамлакат майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, инчунин бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарварони Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкорон ва шахсони саховатеша варзишгоҳҳо ва майдончаҳои варзишӣ бунёд шудаанд, ки ин омил ба тарзи ташаккул ва тарғиби ҳаёти солим мусоидат менамоянд.

Бо фараҳмандӣ иброз менамоем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон тайи 10 соли охир фаъолияти босамар дошта, дар ин муддат ба як ниҳоди бузурги варзишӣ табдил ёфт ва мақому манзалати хосаеро дар ҷомеа соҳиб гардид. Лозим ба зикр аст, ки бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон чандин майдончаҳои варзишӣ сохта ва ба истифода дода шудаанд. Сокинони Ватани азизамон ин ҳама созандагиву бунёдкориро натиҷаи фарҳанги волои роҳбарӣ ва қобилияти баланди ташкилотчигии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзёбӣ менамоянд. Ин иқдомҳои созандаи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистонро сокинони футболдӯсти Ватани азизамон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳама дастаҳои футбол шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, дар ин замина дар муддати беш аз 10 сол дар мамлакат теъдоди дастаҳои футбол афзоиш ёфтанд, ки ин гувоҳ аз фаъолияти бобарори Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.

Тавре, ки ҳамагон огоҳем санаи 16-уми декабри соли 2020-ум анҷумани  интихоботии Федератсияи Футболи Тоҷикистон баргузор гардид ва бо ҷонибдории вакилони анҷуман муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Президенти  Федератсияи Футболи Тоҷикистон таъйин гардиданд.  

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, мо сокинони сарбаланду футболдӯсти ноҳияи Фархор таъйини навбатии Шуморо ба ҳайси Президенти Федератсияи Тоҷикистон бо хушнудӣ ва бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ пазируфтем. Сокинони фарҳангпарвари ноҳияи Фархор ва инчунин роҳбарияти дастаи «Ҳосилот» ба азму иродаатон бовар доранд, зеро Шумо аз мактаби бузурги сулҳофарӣ ва мактаби бузурги роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақ омӯхтаед.

Бо изҳори боварӣ иброз менамоем, ки таҳти сарварии Шумо, муҳтарам Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон чунин навъи варзиш дар меҳани азизамон боз ҳам рушду нумӯъ меёбад. Дастаҳои футболи мамлакат дар фазои сулҳу субот ва бо ҳисси дилгармӣ дар муаррифии Ватани азизамон саҳм  мегузоранд.

Мо ҳайати роҳбарикунандаи дастаи «Ҳосилот», бо хушнудӣ иброз менамоем, ки дастаи мазкур зери таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии ҳайати роҳбарикунандаи Федератсияи футбол қарор дошта, тайи солҳои охир аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар доираи дастуру супоришҳои Шумо ба мо кумакҳо расонида шуда истодаанд.

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо муҳтарам, Рустами Эмомалӣ барои ба мақоми олӣ таъйин шуданатон, аз номи роҳбарияти дастаи «Ҳосилот» ва инчунин аз номи мухлисони сершумори ин дастаи овозадор самимона таҳният гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, умри дароз ва дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият барору комёбиҳо орзумандем.

Роҳбарият ва ситоди мураббиёну бозингарони даста ҷавобан ба ғамохориҳои роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ваъда медиҳем, ки бо интизоми намунавӣ ба дастовардҳои назарраси варзишӣ ноил гардида, дар рушди футболи Ватани азизамон худро масъул мешуморем.

Бо эҳтиром роҳбарият ва ситоди мураббиёни дастаи«Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *