НАТО 12 тоҷикро кушт

Мақомоти низомӣ мегӯянд, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Амрико дар ноҳияи Вардуҷ дар вилояти Бадахшони Афғонистон дастикам 12 ҷангии зодаи Тоҷикистон кушта шуданд.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 7 феврал ба  хабар дод, ки тайи ду рӯзи 5 ва 6 феврал бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Амрико дар ноҳияи Вардуҷи вилояти Бадахшон ду гуруҳи шашнафарии ҷангиён кушта шуданд. Ҳамаи онҳо, ба гуфтаи Давлат Вазирӣ, зодагони Тоҷикистон мебошанд ва яке аз ин гуруҳҳо дар вақти ҳамлаи нерӯҳои Амрико савори мошине будаанд, ки силоҳу маводи тарканда мекашонд.

Паймони низомии НАТО, ки фармондеҳии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистонро бар уҳда дорад, низ бо нашри як байни гуфтааст, ки нерӯҳои ҳавоии НАТО тайи ду рӯзи гузашта чандин макони таҷаммӯи ҷангиён дар вилояти Бадахшонро ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Ба гуфтаи эътилоф, дар Бадахшон ҷангиёни ҷунбиши Толибон ва зархаридон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтаанд.

Иттилои аз ин бештаре дар бораи шахсияти зодагони кушташудаи Тоҷикистон ва ба кадом гуруҳи чирикӣ тааллуқ доштани онҳо оварда нашудааст.

Як мақоми низомии Афғонистон бидуни бурдани номаш ба «Фарғона” гуфтааст, ки макони таҷаммӯи ҷангиён дар ноҳияи Вардуҷро бо кумаки аксҳое, ки худи ҷангиён дар Интернет гузошта буданд, муайян кардаанд. Дар он аксҳо, ки дар сомонаҳои марбут ба Толибон нашр шуд, дида мешуд, ки ҷангиёни толиб ҳамроҳ бо ҷангиёни хориҷӣ дар як минтақаи кӯҳистонии пурбарф машғули тамрини ҷангӣ мебошанд.

Ва аммо ҷунбиши Толибон гузоришҳои нашршуда дар бораи кушта шудани афродаш дар Вардуҷро рад мекунад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон аз тариқи WhatsApp ба матбуот хабар додааст, ки дар ин минтақаи вилояти Бадахшон хонаҳои мардуми осоишта дучори ҳамлаи ҳавоӣ шуда, як мошини сабукрав, як мошини маводи сӯхт ва чанд дӯкон тахриб шудааст. Муҳоҷид иддао мекунад, ки ягон ҷангӣ дар ин ҳамлаҳо осеб надидааст.

Қаблан Сайид Ҷаҳонгир Каромат, муовини фармондеҳи пулиси Вардуҷ ба хабаргузории афғонии «Пажвок” гуфта буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи шаби 5 феврали ҳавопаймоҳои Амрико дар ду деҳаи Чокирон ва Обҷал дасти кам 6 ҷангӣ кушта шуданд. Каромат низ гуфта буд, ки кушташудаҳо ҳама зодагони Тоҷикистонанд.

Ноҳия ё вулусволии Вардуҷ, ки соли 2005 дар пайи тақсимоти маъмурии ноҳияи Баҳорак ташкил шуд, ҳудуди 20 ҳазор аҳолӣ дошта, дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ин ноҳия аз соли 2012 ба ин тараф чанд бор боз аз даст ба даст мегузарад ва ду соли охир таҳти назорати Толибон қарор дорад.

Ҳукумати Афғонистон дар ин ҳафта хабар дод, ки дар вилоятҳои шимолии Сарипул, Ҷузҷон, Фарёб, Тахор ва Бадахшон бо ҷалби нерӯҳои ҳавоии НАТО ва Амрико амалиёти густардаеро ба зидди Толибон, ДОИШ ва дигар гуруҳҳои чирикӣ оғоз кардааст.

Урдуи Афғонистон рӯзи 7 феврал хабар дод, ки ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дарқад дар вилояти Тахорро билохира аз дасти Толибон пас гирифтаанд.

Дар моҳҳои охир дар бораи дар ҷангҳо дар шимоли Афғонистон кушта шудани ҷангиёни зодаи Тоҷикистон гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд. Аз ҷумла ба гуфтаи мақомоти афғон, шаби 8 декабр дар задухӯрдҳо дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом-Соҳиб дар вилояти Қундуз 31 ҷангӣ кушта шуданд. Ду нафвари онҳо, ба гуфтаи мақомот, зодагони Тоҷикистон будаанд.

Ҳамин тавр, моҳи июни соли 2017 фармондеҳи пулиси вилояти Қундуз гуфт, дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои амниятии Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Имом-Соҳиб дастикам 11 ҷангӣ, аз ҷумла 9 ҷангии зодаи Тоҷикистон кушта шуданд. Бино ба ин манбаъ, ҳамлаи ҳавоӣ болои манзили Мӯъмин ном як фармондеҳи бонуфузи маҳаллӣ ва замоне сурат гирифтааст, ки ҷангиён дар ин манзил машғули сохтани бомбаҳои худсохт будаанд.

Аммо сангинтарин талафот дар Афғонистонро ҷангиёни зодаи Тоҷикистон моҳи апрели соли 2017 рӯбарӯ шуданд.

Шаби 7 апрел зарбаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини дар деҳаи Муллоқулии ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчӣ дар вилояти Қундуз 6 ҷангии Толибон, бо шумули муовини волии худхондаи Қундуз аз ин ҷунбиш Асадуллоҳ Мазлумёр, ва 8 ҷангии зодаи Тоҷикистонро ба ҳалокат расонд. Яке аз тоҷикҳои кушташуда Шермаҳмад Сафаров (ДАР АКС), мулаққаб ба «Шери Язгулом” , муҳофизи собиқи Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд.

Шермаҳмад Сафаров аз размандагони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 ба Душанбе омад ва дар солҳои фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ яке аз муҳофизони наздики раиси ин комиссия Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси фақиди ҳизби наҳзати исломӣ буд. Баъди анҷоми кори комиссияи оштии миллӣ ӯ чанд муддати дигар дар канори Саид Абдуллоҳи Нурӣ кор кард ва солҳои охир дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиндагӣ дошт.

Баъди саркӯби ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалиму боздошти бародараш – корманди вазорати дифоъ Назирмад Сафаров ва манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ Шермаҳмад Сафаров ибтидо ба зодгоҳаш – минтақаи Язғуломи вилояти Бадахшон ва аз онҷо ҳамроҳ бо ду ҷиянаш ба Афғонистон рафта буд.

Ҳамин тавр, рӯзи 13 апрел дар натиҷаи партоби бузургтарин бомби ғайриҳастаии Амрико болои як маҷлиси фармондеҳони ДОИШ дар ноҳияи Очини вилояти Нангарҳор дар наздикии марз бо Покистон ҳудуди 100 ҷангии ДОИШ, бо шумули 13 фармондеҳи аршади ин созмони тундрав дар Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Аз ин 13 фармондеҳи кушташуда дуяш аз Тоҷикистон будаанд.

Манобеи амниятии Афғонистон исм, балки лақаби танҳо яке аз онҳоро ифшо кардаанд, ки Сиддиқ Ал-Тоҷикӣ ном бурда мешавад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Сиддиқ Ал-Тоҷикӣ, ба эҳтимоли ғолиб аз фармондеҳони «Ҷамоати Ансоруллоҳ” як созмони тундрави дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

«Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки ҷангҷӯёни тоҷикистониро дар Афғонистону Покистон муттаҳид мекунад, ҳанӯз ду сол пеш ба «халифа”-и худхондаи ДОИШ Абӯбакри Бағдодӣ «байъат” супурда буд ва ду соли охир талош дорад, то афроди худро ба шимоли Афғонистон, ба манотиқи наздик ба марзи Тоҷикистон бикӯчонад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *