Бинои «Тоҷикматлубот» бозгӯйи мақоми он дар кишвар аст

Хуршед Сангаков,  муовини раиси Иттифоқи  «Тоҷикматлубот», зимни нишасти матбуотии ин муассисаи бозори  истеъмолии кишвар бештар аз комёбиҳои соҳаи матлубот дар давраи ҳисоботии соли 2017 ҳарф зад.

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки нақшаи даромади умумии Иттифоқи  «Тоҷикматлубот» ба 90,9 млн. сомонӣ расонида шудаст, ки ин 101.0 фоизро ташил медиҳад. Аз ҳамаи намуди манбаъҳо андоз ба буҷети мамлакат 281млн. сомонӣ пардохт кардааст.

Х. Сангаков афзуд, ки барои таъмини ташкилоти буҷетӣ ва аҳолӣ дар соҳа ба миқдори 19388 тонна ангишт харида, захира гардид. Бо мақсади дар бозори истеъмолӣ пешгирӣ намудани нархи маводи ғизоӣ аз болоравӣ ва таъмин намудани аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳои кооператсияи матлуботмунтазам ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешуд.Барои беҳтар кардани шароити кории соҳибкорон иҷрои корҳои азнавсозӣ ва таъмирибозорҳо  шаҳру ноҳияҳо бомваффақит ба роҳ монда шуд. Дар соҳа барои 366 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуд.

Х. Сангаков ба пурсишҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас гуфта, иброз намуд, ки бо қарори шаҳрдории Душанбе дар пойтахт бунёд намудани якчанд павилонҳои маҳсулоти кишоварзии «Тоҷикматлубот» бар ивази нуқтаҳои дар бозори тахрибгардидаи  «Шоҳмансур» маслиҳат  шудааст. Аҳолии шаҳр бароҳмонии фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ба воситаи нақлиёти «Тоҷикматлубот» мақбул донистааст. Аз ин рӯ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тасмим мегирад, ки шумораи ин нақлиёт – автолавкаҳоро зиёд гардонад. Ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон» «Оё корҳои сохтмонӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ба бинои мӯҳташами «Тоҷикматлубот» таҳдид намекунад, Х. Сангаков посух гуфт, ки дар ин бобат ҳеҷ гапе нест. Зеро бинои мазкур ягона иншооте дар кишварамон ба шумор меравад, ки тамоми чорабиниҳои кооператсияи «Тоҷикматлубот» доир ба ҳамкориҳои кооператсияи кишварҳои ИДМ дар ҳамин ҷо баргузор мешаванд. Бинои ҳозира бозгӯйи мақоми «Тоҷикматлубот» дар бозори истеъмолии кишварамон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *