Натоқи машҳури рус тоҷиконро «бомж» номид

Натоқи машҳури барномаҳои пурҳангомаи телевизиони рус Ксения Собчак тоҷиконро таҳқир кард.
Ксения Собчак дар маросими тақдими ҷоизаҳои маҷаллаи GQ дар Маскав дар як раддубадали лафзӣ бо муҷрии дигари ин маросим Иван Ургант гуфт, Ургант дар экран мисли лӯхтак аст, дар асл дар хона мисли як бомж аз Тоҷикистон аст.

Ксения Собчак, муҷрии маъруфи шоу-барномаҳо дар Русия шаби 14 сентябр дар расми тақдими ҷозиаи «Инсони сол” дар толори «БарвихаLuxury Village» дар Маскав нисбат ба Тоҷикистон ва мардумаш ибораи таҳқиромези «бомж”-ро истифода бурд.

Ин маросимро Собчак ҳамроҳ бо муҷрии шинохтаи телевизиони Русия Иван Ургант гардонандагӣ мекард. Тибқи сенария, ду муҷрӣ бояд бо якдигар раддубадали лафзӣ мекарданд.

Ургант дар ин «набарди лафзӣ” ба меҳмонони шабнишинӣ «дарафтод” ва гуфт, ҳар сол дар ин маросиме, ки маҷаллаи муҷалали GQ доир мекунад, ҳамон як чеҳраҳоро мебинад ва аз аҳли толор пурсид, ки «оё ин ҳама ба дили худи шумо назадааст? Як издиҳоми бенур, ки ягона ҳадафаш чанд акси хурд дар саҳифаҳои охири ин маҷалла аст, ки кӣ киро ба оғӯш мекашад. Уф бар шумо. Либосҳоятон ҳам аблаҳона аст. Ҷоми нафратро то охирин ҷуръааш мехоҳам бинӯшам. Бароям беҳтар аст, ки то Крилатское пиёда биравам ба ҷои бори 17-ум гардондани маросими GQ.”

«Каждый гододни и те же лица. Вам самим не надоели номинации? Этой запущенной зоне бикини давно пора сделать нормальную эпиляцию! Серая масса, чья цель в жизни — маленькие фотографии в конце журнала,где нужно рассматривать, кто с кем обнимается. Их смотрит только редактор, когда сам с собойлюбовью занимается. Да на хрен вас. И ваши наряды дурацкие. Коктейль презрения до капли допью. Лучше я пешком в Крылатское, чем в 17-й раз проведу GQ. Раунд!».

Ба дунболи Ургант, риштаи суханро Ксения Собчак ба даст гирифт ва тибқи сенария, гӯё ба ҳимоят аз аҳли толор садо баланд кард ва ба худи Ургант дарафтод, ки аз худ моҳи осмон натарошад. Ксения Собчак гуфт, тамошобинони Шабакаи якуми телевизиони Русия низ аз ҳар бегоҳ дидани симои Ургант дар тамоми барномаҳо ба ҷон омадаанд ва дилашон беҳузур мешавад.

Ксения Собчак дар ин «набарди лафзӣ”-и сохта то метавонист Ургантро паст мезад ва дар байни суханрониаш бо як лаҳни таҳқиромез Тоҷикистонро низ мисол овард: «Лӯхтаке, ки стилисти боистеъдод барои экран сару либосаш мепӯшонад, вагарна симои хонагии ту симои як бомж аз Тоҷикистон аст.”

«Браво-браво! Скажем спасибо этому действу на сцене. Это было так же беспомощно, какЖириновскийс мальчиками в бассейне. <…>Кому ты вешаешь лапшу на уши, бездарный поваренок из «Смака» <…>Каждый вечер зрителей канала Первого выворачивает от твоего смеха нервного. Пять лет подряд мозолишь глаз, телевизоры плавятся.Своими шутками насилуешь нас, как Робинзон Пятницу. Кукла, одетая талантливым стилистом для экрана, хотя «лук» твой домашний — бомж из Таджикистана <…>В завершении обрезать сигарной гильотинкой твой карьерный писюн позволь, тыне ведущий номер один, ты просто толстощекий ноль. Раунд!».

Ин бори авввал нест, ки аз забони шахсиятҳои шинохтаи Русия чунин ибораҳои таҳқиромез нисбат ба Тоҷикистон ва мардумаш садо медиҳанд. Аммо агар қаблан дар чунин суханҳо сиёсатмадорони қавмгарое, чун Владимир Жириновский пешдаст буданд, ҳоло чунин ҳарфҳо аз забони бархе ситораҳои рус низ садо медиҳанд.

Дар баҳсҳои интернетӣ суханони таҳқиромези Ксения Собчак ва аз ҷумла мисол заданаш ба як кишвар ва як миллатро бисёриҳо ниҳояти ҳамоқат ва уфти шоу-бизнеси Русия унвон кардаанд. Вале бархе аз вай пуштибонӣ карда, гуфтаанд, ки Собчак дуруст мегӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

13 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *