Чаро мансабдорон ба шикоят вокуниш намекунанд?

Бори чандум аст, ки ба рӯзномаи “Тоҷикистон” нома менависам, ва расман аз тарафи редаксия ба Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол гардид, аммо то ҳол ягон натиҷа ҳам набахшид ва ҷавобе ҳам нагирифтем. Аз тарафи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мактубҳо ҷавоби мушаххас гардонида натавонистанд. Магар ягон гуфтание надоранд? Вақти ба вазифа  таъин шудан судяҳо дар назди Ҷаноби Олӣ қасам ёд мекунанд, ки аз рӯи қонун, аз рӯи адолат кор ва фаъолият намоянд. Лекин як қисми онҳо  ба қонуншиканӣ роҳ дода, ҳаққи сағераро мехӯрданд.

Ман — модари танҳо Муродова Маърифат соли 1997 бо шаҳрванд Абдуллоев Фарҳод хонадор шуда, соҳиби 1 фарзанд гаштем. Бо шавҳарам соли 1999 манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Гипрозем, бинои 2, ҳуҷраи 29 харидорӣ намуда, муддати 3 сол дар он ҷо зиндагӣ намудем. Бадбахтона, шавҳарам соли 2002 аз олам гузашт, ва бо як фарзанд танҳо мондам. Баъди муддате хабардор гаштем, ки бародарони шавҳарам Ҳусейнов Файзиддин ва Ҳусейнов Муҳаббат бо ҳуҷҷатҳои  қалбакӣ хонаи моро ба яке аз рафиқонашон Шарипов Ҷӯрахон фурӯхтаанд. Оид ба масъалаи мазкур худи ҳамон сол ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи хаттӣ муроҷиат намудем. Манзили истиқоматии мазкурро фарзандам Абдуллоев Усмонҷон Фарҳодович дар асоси ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 17 апрели соли 2012 ҳамчун мероси падар қабул кард. Баъди қувваи қонунӣ гирифтани  ҳалнома тибқи моддаи 1166 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.

Аммо  муддати 17 сол мешавад, ки нисбати мероси фарзандам ба тамоми мақомотҳои дахлдор муроҷиат намудам, аммо ягон натиҷа набахшид. Дар ин давра аз тарафи судҳо чанд маротиба пай дар пай ин  мавзӯъ мавриди баҳсӣ қарор дода шуд. Дар қабати парванда баёнотҳои тарафи дигар, ки бо ҳуҷҷатгузории қалбакӣ хонаро фурӯхта буданд, дастхате ҳаст, ки ба ивази ин қаллобиашон  як хонаи дигар харида медиҳанд.Мутаассифона, баҳси судӣ тӯл кашида, аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ барқарор нашуд ва Шарифов  харидори бовиҷдон эътироф гардид. Оид ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мероси кӯдак ягон баҳои ҳуқуқӣ долда нашуд.

Баъдан, тибқи нақшаи қаллобон Шарипов Ҷӯрахон бо аризаи даъвогӣ оиди беэътибор донистани шаҳодатномаи ҳуқуқи мероси писарам Абдуллоев Усмонҷон муроҷиат намуд. Судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Искандарзода Абдулҳамид аризаи ӯро дастгирӣ намуда, шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мероси писарам Абдуллоев Усмонҷонро ғайриқонунӣ бекор намуд. Бояд гуфт, ки писари  Шарипов Ҷӯрахон, дар шаҳри Москва дар як  вазифаи баланд аст. Ҳоло он ки тибқи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи кӯдаки ятим ва бепарастор ба манзили истиқоматӣ ба онҳо тибқи мерос гузошта, тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сухану баромади худ ятимону бепарасторонро дастгирӣ кунед мегӯянд, аммо ин судяҳо магар ятимро дастгирӣ карданд? Баръакс,  ӯро ба ҳар роҳ аз сари роҳи худ дур кардан мехоҳанд. Магар қасами дар назди Президент хӯрдаи онҳо иҷро шуд ва онҳо аз рӯи адолату  қонун амал карданд? Бори дигар мехостем сари ин масъала андеша кунед.

М. Муродова,

сокини ш. Душанбе

 

АЗ ИДОРА: Шикояти хонанда дар мавриди расидагӣ накардани сохторҳои салоҳиятнок ва ҳатто вокуниш нишон надодан ба арзи сокинон ин нақзи ҳуқуқи онҳост. Президенти кишвар бо як қарори худ таҳти №662 ҳамаи роҳбаронро вазифадор карда буданд, ки ба баромади ВАО саривақтӣ   вокуниш нишон диҳанд. Мутаассифона, на ҳама вақт сохторҳо паи иҷрои ин супориши Пешвои  миллат  мешаванд. Аз ин рӯ, “Тоҷикистон” тасмим гирифт, ки дар яке шумораҳои наздиктарини худ рӯйхати мансабдоронеро, ки нисбати  баромадҳои ҳафтанома  саҳлангорӣ мекунанд, ба нашр хоҳад расонд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *