Навори тарбиявии Нек ва Тара
Нек ва Тара саҳнаи нави худро дар Тик-Ток доир ба муносибати озоди оилавӣ пешниҳод карданд.
Онҳо дар саҳна зоҳиран дӯстдоштаанд ва ҳоло оиладор нашудаанд. Ҷавон ба фикрест, ки пас аз оиладоршавӣ ҳамсараш ба корҳои хона машғул мешаваду худаш оиларо таъмин менамояд. Аммо духтар рад мекунад, зеро ба фикрест, ки намехоҳад муҳтоҷи пули шавҳар бошад ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил бошад.
Чанд лаҳза пас, боррасон ба ҷавон занг мезанад ва хабар медиҳад, ки либосҳои фармоиш додаашон омода шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки ман пули худамро равон мекунам ва пули Тараро аз худаш мегиред. Аз ин гуна ранг гирифтани кор духтар ҳайрон мешавад, ки чаро ҷавон пули ҳардуяшонро намедиҳад. Ҷавон бошад, илова мекунад, ки модоме ки мустақилияти молиявӣ доштан мехоҳӣ, пас аз ин ба баъд ҳамеша дар дастат пул дошта бош, то ки сарфу харҷи худатро пӯшонида тавонӣ.
Албатта, ин мавзӯи баҳси хуб аст, ки ҷавонон бо усули худ пешниҳод мекунанд, зеро дар ҷомеаи мо дар ин масъала фикрҳо гуногунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ