Наврӯз мероси башарият, Тоҷикистону Ӯзбекистон оши палавро пешниҳод карданд

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард.

Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, ки аз 28 ноябр то 3 декабр идома меёбад, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ “таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ”-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад. Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад. Дар ин ҷаласа, инчунин, дархости Тоҷикистону Узбакистон барои ворид кардани оши палав ба феҳристи мазкур баррасӣ мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *