Навраси тоҷик дар озмуни байналмилалӣ ҷойи якумро гирифт
Навраси тоҷик Зебониссо Исмоилова дар фестивал-озмуни байналмилалии рақс таҳти унвони «Санъати Роҳи Абрешим» («Art Silk Way») ғолиб гардид.
Озмун рӯзҳои 28 — 29 марти соли равон дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор гардида, дар он таълимгирандаи гурӯҳи рақсии ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»- и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Зебониссо Исмоилова иштирок намуд.
Зебониссо Исмоилова аз рӯйи ду номинатсия сазовари ҷойи якум гардид.
Ба иттилои Комилҷон Холов, директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», дар ин фестивал аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Русия зиёда аз 101 наврас иштирок ва маҳорати худро нишон доданд.
Гуфта мешавад, ки Зебониссо Исмоилова 12 – сола ва хонандаи муассисаи таълимии №6 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ