Бидуни чӣ наметавон ба сайёҳати ҷаҳон баромад?

Тоҷикон яке аз мардумони дӯстдори сайру сайёҳат мебошанд. Масалан, дар соли 2022 2,6 миллион нафар, яъне чоряки аҳолии ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар кардаанд. Мо ба дигар кишварҳо бо мақсади кор, таҳсил ва истироҳат меравем. Аммо муошират бо наздикон дар роуминги байналмилалӣ чӣ гуна метавонад муфид бошад ва мушкилоти рӯзмарраро ҳангоми дур будан аз хона чӣ тавр тавассути он ҳал кардан мумкин аст? Бо ёрии смартфон, ки ҳоло ҳангоми сафар ба мисли шиноснома ва ҷомадон бо ашёҳо зарур аст!

Чиптаҳои ҳавопаймоиро харидорӣ мекунем

Гаҷетҳои муосир аллакай ҳангоми банақшагирии сафар дастёри беҳтаринанд. Харидории чипта барои дилхоҳ парвоз тавассути замимаи мобилии “МегаФон Life” имконпазир мебошад. Ин оддӣ аст: ба замима ворид шавед, дар саҳифаи асосӣ каме поёнтар аз тавозун «чархофалак» бо номҳои хизматрасониҳо ба шумо дучор меояд. Қисми «Чиптаҳои ҳавопаймо»-ро пайдо кунед ва дар он ҷо ширкати ҳавопаймоӣ, сана ва вақти парвоз, дараҷаи ҷойи мусофирро интихоб намоед. Шумо ҳатто метавонед хатсайр тартиб диҳед, агар нақшаи сафар тариқи гузариш ба хатсайри дигар дошта бошеду пешниҳодҳои муфиди парвозро барои санаи лозимӣ интихоб кунед. Бо истифода аз маблағҳои “Ҳамён”-и замима ё корти бонкии ба он вобасташуда ва ё корти карзии “Орзу” пардохти пули чипта дар ин ҷо имконпазир аст.

Аз хориҷа занг мезанем

Инак, мо аз Душанбе ба Новосибирск ё аз Хуҷанд ба Тошканд парвоз кардем. Хуб мешуд, агар ба наздикон хабар диҳем, ки парвоз бомуваффакият анҷом ёфт! Занг задан ба таври маъмулӣ тавассути шабакаи мобилӣ гарон аст, зеро ҳангоми убури сарҳади давлатӣ мо ба минтақаи роуминги байналмилалӣ ворид шудем. Аммо замимаи “МегаФон Life” имконияти “занг задан”-ро дорад ва он ба шумо имкон медиҳад, ки ба корбарони дигари замима ройгон занг занед. Зангҳои воридотӣ низ ройгон хоҳанд буд. Дар дилхоҳ давлати дунё. Аз ҳама муҳим фаромӯш накунед, ки барои кори замимаи мобилӣ дастрасӣ ба интернет лозим аст!

Як дақиқа, агар ҳамсӯҳбат “МегаФон Life”-ро ба кор надаровардааст? Ба ҳар сурат, занг задан тавассути замима муфид хоҳад буд: як дақиқаи занг ба дилхоҳ шабакаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 дирам буда, арзиши як SMS-паёмак ба хона низ айнан ҳамин миқдор маблағро ташкил медиҳад.

Нархгузории зангҳо дар кишвари иқомат мушкилтар аст: барои корбари “МегаФон Life” нархи занги содиротӣ 20 дирамро дар як дақиқа ташкил медиҳад. Лекин ба муштарие, ки зангро қабул мекунад, — масалан, ба аъзои оилае, ки бо шумо омадааст, дар роуминги байналмилалӣ лозим меояд, ки зиёдтар маблағ пардохт намояд… Аммо чунин душворӣ чӣ лозим? Бигзор наздикони шумо низ “МегаФон Life”-ро боргирӣ кунанд, он гоҳ пардохткунӣ тамоман лозим намешавад!

Дар паёмрасон муошират менамоем

Хуб, чӣ тавр бояд паёмакҳои дарози матнӣ, аксҳо ва видеоҳоро мубодила кард? Барои ин дар “МегаФон Life” паёмрасоне мавҷуд аст, ки онро низ дар саҳифаи асосӣ ба осонӣ пайдо кардан мумкин аст. Бо наздикон, дӯстон ва ҳамкорон чатҳои гурӯҳӣ ташкил кунед ва дар дохили замима ройгон муошират намоед. Албатта, “МегаФон Life” бояд дар дастгоҳҳои мобилии ҳамаи ҳамсуҳбатон фаъол гардида бошад.

Зимнан, фаъол кардани сатри «SMS ба Life» -ро дар қисми «Боз ҳам» фаромӯш насозед. Агар паёмакҳои матнӣ — масалан, огоҳиномаҳоро дар бораи амалиётҳои пардохтие, ки дар «Ҳамён» -и замимаи мобилӣ анҷом дода шудаанд, ройгон қабул кардан хоҳед, ин хеле муфид хоҳад буд.

Маблағ интиқол медиҳем

Оё ба шумо лозим аст, ки маблағи дар Русия ба даст овардаатонро ба наздиконатон фиристед  ва ё баръакс – хоҳиш намоед, ки суратҳисобатонро пур кунанд, агар маблағи хароҷотро ҳангоми сафар дуруст ба инобат нагирифтед? «МегаФон Life» ёрирасони шумост.  Ҳоло замима имкон медиҳад, ки ба 20 кишвари Авруосиё, аз Англия то Малайзия маблағ интиқол дода шавад.

Ин амал чунин сурат мегирад: ба қисми «Ҳамён» дароед — он дар қисми болоии «чархофалак» дар ҳамон сатр бо тавозун ва холҳо ҷойгир аст — тасвири «Интиқоли маблағ» -ро пахш кунед. Сипас кишварро интихоб намоед, рақами корти кабулкунанда, маблағро ворид карда, тугмаи «Интиқол додан» -ро пахш намоед. Тамом! Маблағҳо метавонанд аз тавозуни “Ҳамён”, корти бонкии ба замима вобасташуда гирифта шаванд.

Шарти ибтидоӣ ин аст, ки барои анҷом додани амалиёти молиявӣ корбар бояд дар замима мушаххаскуниро гузарад. Барои ин пеш аз сафар бо шиносномаи худ ба наздиктарин толори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» равед. Дар Федератсияи Русия шумо метавонед маблағро ба кортҳои МИР, VISA ва MasterCard, ки бонкҳои Русия баровардаанд, интиқол диҳед. Дар кишварҳои дигар, новобаста аз бонк, танҳо интиқол бо кортҳои VISA дастрас аст.

Ҳисобномаҳои коммуналиро пардохт менамоем

Сафаратон тӯлонӣ аст ва шумо аз он нигаронед, ки дар вақти ҳузур надоштанатон теъдоди ҳисобномаҳои пардохтнашуда барои Хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ меафзояд ё зарурати пардохти қарз пеш меояд? Дар «чархофалак»-и хизматрасониҳои «МегаФон Life», ки аллакай ба шумо маълум аст, «Пардохти автоматӣ» мавҷуд аст. Онҳоро тавре танзим кунед, ки маблағ барои барқ, интернет ва ё пардохти қарз ба таври автоматӣ ситонида шавад. Ва ҳангоми сафар дар мавриди ташвишҳои хона хавотир нашавед!

Хизматрасониҳоро пайваст менамоем

“МегаФон Life” — инчунин ҳучраи шахсии муштарӣ мебошад. Дар замима шумо метавонед тарофаро тағйир диҳед, хизматрасониҳои қулайро пайваст кунед. Масалан, ҳангоми сафар ба Ӯзбекистон “Роуминг  Ҳамсояҳо” лозим меояд. Ҳарчанд шумо дар хориҷа бошед ҳам, арзиши як дақиқаи занг ба хона ё дар дохили Ӯзбекистон 2,50 сомонӣ ва як дақиқаи занги воридотӣ 1,50 сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба нархҳои стандартии байналмилалӣ якчанд маротиба камтар аст. Пайвасткунии хизматрасонии “Роуминг Ҳамсояҳо” ройгон аст.

Шумо метавонед онро дар саҳифаи асосии замимаи “МегаФон Life” фаъол созед. Сатри «Хизматрасониҳои ман» -ро кушоед, сипас ба «Дастрас» — «Роуминг» ва баъдан ба қисми «Роуминг Ҳамсояҳо» даромада, «Пайваст кардан» -ро пахш намоед. Содда ва осон!

Бо «Бозии Лайфи» хурсандӣ мекунем

Барои дар роҳ дилгир нашудан шумо метавонед дар замима бозӣ кунед. Барои ин, дар саҳифаи асосӣ, дар болои тавозун «чархофалак»-ро ҳаракат дихед, «Бозии Лайфи» -ро интихоб кунед, пас «Ба сайругашт бароед» ё «Тамоми коллексияхоро ҷамъ намоед». Бо гузаштани сатҳҳои бозӣ мегабайтҳоро ба даст оред.

Ҳамин тавр, смартфон дар ҳалли бисёр мушкилот мададрасони шумост! Аз ин рӯ, танҳо бо замимаи “МегаФон Life” ба сафар бароед! Шумо метавонед онро тавассути суроға боргирӣ намоед. Онро мунтазам навсозӣ карданро фаромӯш насозед, то аз ҳама хизматрасониҳои нав баҳраманд гардед.

Роҳи сафед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *