Ёвон. Ба модарони даъватшаванда кумак карданд

Дар ноҳияи Ёвон низ 1-уми апрел маросими «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид. Дар чорабинии мавриди назар 150 ҷавони далер, наваскарони ихтиёрӣ иштирок карданд.

Дар ин рӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва муассиси корхонаҳои гуруҳи «Ғаюр», соҳибкори муваффақ Акбар Асадулло ба модарони 200 даъватшаванда кумаки яквақта расонида шуд.

Кумак аз орд, равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал иборат буд. Иқдоми мавриди назар дар ҳанӯз дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон собиқаи кам дорад. Дар фасли сармо ҳам масъулини ноҳияи Ёвон сокинони биноҳои баландошёнаи ҷамоати шаҳраки Ёвонро бо гази моеъ ройгон таъмин карда буданд.
Ёдовар мешавем ки дар аввалин рӯзи даъвати ҷавонон ба Артиш ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Фархор ва Муъминободи вилояти Хатлон нақшаро пурра иҷро карданд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *