Наврасону ҷавонони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд

Варзишгарони наврасу ҷавони Тоҷикистон дар Чемпионати бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки аз 27-уми феврал то 15-уми март дар шаҳри Уммони Урдун баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Рӯзи аввали набардҳо барои варзишгарони Тоҷикистон 2-юми март оғоз мешавад. Набардҳои даври финалӣ рӯзҳои 13 ва 14-уми март баргузор мешаванд. Дар умум 51 набард барои дарёфти унвони чемпионӣ миёни ҷавонон ва 51 набарди чемпионӣ байни наврасону духтарон сурат мегиранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 27 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки 5 варзишгардухтар ҳам ҳастанд. Намояндаҳои ҷавони Тоҷикистон дар вазни 48 кг — Меъроҷ Зоидов, 51 кг — Асламҷон Қурбонов, 54 кг — Бузургмеҳр Иксанов, 57 кг — Абубакр Муродов, 60 кг — Абдураҳим Ёқубов, 63,5 кг — Саддам Давлатов, 67 кг — Анӯшервон Ақназаров, 71 кг — Юсуф Фозилов, 75 кг — Нурланбек Ерматов, 80 кг — Диёр Султонов, 86 кг — Акмалҷон Абдувалиев, 92 кг — Парвиз Ахмедов, 50 кг — Фариза Ёқубова, 54 кг — Насиба Шарифзода, 57 кг — Бибиҷон Музаффарова, 60 кг — Бибинишастамо Холова ҳастанд.

Миёни наврасон дар вазни 46 кг — Анушервон Фозилов, 48 кг — Меъроҷ Суфиҷонов, 50 кг — Ҷаъфар Ҳакимов, 52 кг — Дамир Муибалихонов, 54 кг — Руслан Ғафуров, 60 кг — Рустамҷон Ашуров, 66 кг — Усмоншайх Усмонов, 70 кг — Мирзобахтиёрхон Атоев, 75 кг — Аъзам Фозилов, +80 кг — Фирӯз Раҷабов, 57 кг — Ҳангома Исоева аз Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *