«Навсоз» — 2018: баргузории 3-юмин кинофестивали байналмиллалӣ дар Душанбе
Аз 16 то 19 сентябр дар шаҳри Душанбе 3-юмин кинофестивали байналмиллалии филмҳои кӯтоҳ – «Навсоз» — 2018 баргузор мегардад, ки дар он намояндагони кишварҳои Амрико, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Афғонистон, Русия, Ӯзбекистон ва Белорусия ширкат хоҳанд варзид.
Муҳибназар Холназаров директории «Навсоз» мегӯяд, ки фестивали имсола ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст.
«Соли равон барои ширкат варзидан дар ҷашнвораи мо наздики 80 филм пешниҳод шуда буданд, ки аз миёнашон мо 20 филми бадеӣ ва ҳуҷҷатиро барои сабқат дар бахшҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ қабул кардем.»- мегӯяд, Холназаров.
Ёдовар мешавем, ки Кинофестивали байналмиллалии филмҳои кӯтоҳ – «Навсоз» бори аввал соли 2016 бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил ва баргузор шуда буд. Соли 2017 ин ҷашнвора ба 80 солагии Ҳунарпеши халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадоев бахшида шуда кинсозони ҷаҳонро дар Душанбе ба ҳам оварда буд.
Кинофестивал дар бахшҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад ва киносозонро ҷоизаҳои «Беҳтарин филм”, “Беҳтарин сенария”, “Беҳтарин коргардон” “Беҳтарин наворбардор”, “Ҷоизаи махсуси аъзои ҳакамон” ва “Шоҳҷоиза”-и ҷашнвораи “Навсоз” интизор аст.
Алоқамандони синамо ва дӯстдорони кино метавонанд рӯзҳои 17, 18 ва 19-ум сентябр аз соати 10 то 12 дар кинотеатри “Ватан” аз беҳтарин филмҳои кӯтоҳи кинематографистони ҷаҳон дидан кунанд.
Даромад ба тамошои филмҳо ройгон ва озод аст.
Барномаи Кинофестивали байналмиллалии «Навсоз» — 2018
9Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ