Ишқи сархӯри духтари қазоқ

Ишқи нокоми духтари қазоқ ва ихроҷ аз донишгоҳ ду қатраи охирине гаштанд, ки Фурқат Авазматов, донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи аграрии Олтойро дар шаҳри Барнаули Русия ба худкушӣ тела дод.

Фурқат ҳамагӣ 21 сол дошт ва аз шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт барои таҳсил ба Русия омада буд. Ҷасади Фурқатро танҳо баъди ду рӯз аз ҳаммоми манзили иҷорааш дар Барнаул пайдо карда, аз ҳалқаи дор берун кашиданд ва рӯзи 8 сентябр, баъди адои намози ҷаноза барои гӯручӯб ба Ватан фиристоданд.

Фурқат Ҳаётҷонович Авазматов, донишҷӯи соли сеюми риштаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Олтой, ба гуфтаи дӯстонаш, як донишҷӯдухтари қазоқро сахт дӯст медошт, вале дар ин авохир муносибатҳои онҳо давраи мушкилеро пушти сар мекард.

Ишқи ин духтар ҷавони тоҷикро ончунон обу адо ва дар худ ғарқ карда буд, ки Фурқат дигар ҳам хобу хӯр ва ҳам таҳсилро фаромӯш кард ва аз имтиҳонҳо ҳам қарздор шуд. Ӯро ба ин далел аз донишгоҳи Олтой ихроҷ карданд.

Дӯстонаш мегӯянд, Фурқат бачаи хеле хубу ором буд ва ба таҳсил завқи зиёд дошт, вале ишқи духтари қазоқ ӯро сардаргум ва зиндагиашро хароб кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *