Найрангҳои Жанна сари “бизнесаш”- ро хӯрд
…Адвокати “мушкилосонкун” Жанна Исроилова интизори ҳукми суд буд ва бояд имрӯз ҳукмашро эълон мекарданд. Гумон дошт, ки ин дафъа низ аз об хушк мебарояд ва бо умеди дар оянда баргардонидани маблағҳои ба яғмобурдааш аз маҳбас раҳо мегардад. Бинобар ин, дар саҳни ҳавлии бинои суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт интизори даъвати корманди суд барои хондани ҳукм оромона менишаст. Чун ба саҳни ҳавлӣ ворид гардидани мошини маҳбусбарро дид, аз рӯи таҷрибаи 25- солаи худ фаҳмид, ки ин мошин беҳуда ба ин ҷо намеояд. Зуд дарк намуд, ки кор аз кор гузаштааст ва ин дафъа на касе ба ӯ кумак расонида метавонаду на буттае ҳаст, ки бо умед аз он қапад. Фавран тахтаку тиракашро ғундошта, ноаён аз саҳни бино роҳи гурезро пеш гирифт. Чаро адвокат баробари дидани мошини “маҳбусбарак” гурехт ва ӯ кист, ки дилаш аз дидани он ба тапидан даромад?
…Исроилова Жана Ҷалоловна аз зумраи онҳоест, ки ӯро ба осонӣ гунаҳгор кардану ба ҷазо кашидан кори осон нест. Ӯ ба гуфти худаш, таҷрибаи 25- солаи кор дар соҳаи ҳуқуқро дорад ва ҳамаи каҷию ростиҳои қонунро хуб медонад. Вале тавре ки тафтиши бисёр ҳолатҳои содир намудани ҷиноятҳои ӯ нишон дод, аксар вақт ин қонунҳоро ба манфиати худ истифода мебурдааст ва дар ин роҳ “бизнес”-и худро ба роҳ монда буд. Ин адвокати “дастгири мардум” аз сарфаҳм нарафтани корафтодагон ба ҷузъиёти қонунҳо истифода бурда, барои “осон ҳал намудани” кори онҳо маблағ меситонд ва минбаъд барои иҷрои ваъдаҳои худ коре накарда, соҳиби маблағи осонакак ба дастомада мешуд. Масалан, ӯ аз як нафар барои ҳалли кори ӯ дар суд (ҳарчанд ин шаҳрванд бе кумаки ӯ ҳам метавонист дар суд ғолиб ояд, зеро ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба ин далолат мекарданд) дар давоми соли 2014-ум 8300 доллар гирифта, барои ҳалли мушкилоташ оид ба баҳси манзил даст болои даст нагузошта соҳиби ин маблағ шудан хост. Минбаъд ӯ боз талаб намуд, ки 2500 доллари дигар оварда диҳад. Ин бор тоқати шаҳрванди фиребхӯрда тоқ шуду ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд ва кормандони ин ниҳод 15 октябри соли сипаришуда бо далели шайъӣ Жаннаро дастгир карданд. Таври маълум, ҳолатҳои чун миёнарав амал кардани адвокатҳо дар таҷрибаи судӣ бисёр дида мешвад. Адвокатҳо ба ҷои он,ки дар мурофиаи судӣ манфиати зерҳимояи худро дифоъ намоянд, пешакӣ бо баъзе қозиҳои додгоҳ маслиҳат карда, ҳукм ва ё ҳалномаи барои ҳарду ҷониб манфиатоварро ба даст меоранд ва аз ин манфиат мебинанд. Боз як ҳолати ба чунин кор даст задани Жаннаро мо дар мисоли аз шаҳрванд Хубоншоев Парвиз гирифтани 3 ҳазор доллар бо мақсади ба фоидаи ӯ ҳал наумдани баҳси манзил мебинем, ки ин шаҳрванд низ ду даст дар биннӣ мондааст. Ҳарчанд Хубоншоев ба ҳақ будани худ боварӣ дорад ва дар ин марид ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро ба суд пешниҳод кардааст, аммо боз ба чунин найранги адвокати худ афтодааст.
-Чаро, Шумо дидаю дониста ин миқдор маблағро ба адвокат додед, дар ҳоле, ки ба гуфти худатон ҳақ ҳастед?-мепурсем аз Парвиз.
-Тасаввур кунед, аз соли 2013 инҷониб ман дар паи барқарории ҳақиқат ҳастам, вале дар судҳои мо барои ин солҳо лозим аст. Хостам ин равандро тезонам, вале боз ба доми фиреб афтодам,-мегӯяд ӯ.
Дар натиҷаи тафтиш мушаххасан 4 ҳолати чунин амали “адвокати накукор” дар рафти мурофиаи судӣ исботи худро ёфт, ҳарчанд кормандони зиддифасод мегӯянд, ки чунин ҳолатҳо беш аз даҳтоянд ва ба онҳо шаҳрвандони фиребхӯрда маълумот додаанд.
Аҷоиботи кори “накукор” боз дар он аст, ки агар ягон фиребхӯрда маблағи худро бозпас талаб кунад, аз “накукории Жаннахон” нишоне ҳам намемонад ва ӯ зуд ба таҳқиру ҳақорат мегузарад. Вақте ки кас суҳбати дар телефон сабтгардидаи ӯро бо яке аз “муштариён”-и фиребхӯрдааш гӯш мекунад, ба хулосае меояд, ки дар ниҳоди ин зан ягон нишонаи занигарӣ вуҷуд надорад. Зеро ӯ барои таҳқири ҳамсуҳбати худ аз алфози қабеҳи мардона истифода мебарад.
Вақте ки Жаннаро бо ҷурми қаллобӣ дастгир намуданд, маълум шуд,ки шумораи аз дасти ӯ фиребхӯрдагон давоми 8-10 соли охир хеле афзудааст. Дар байни онҳое, ки ба “адолатхоҳии” адвокат бовар карда, ба ӯ маблағҳои калон додаанд, нафароне ҳам ҳастанд, ки аз соли 2013 боз интизори ҳалли кори худ дар судҳо ва тантанаи адолатеро, ки бо дастони Жанна ва бо маблағи ҳангуфт интизоранд, зиёданд. Боз як вижагии ин парванда дар он аст, ки аксари фиребхӯрдагон ба тантанаи адолат дар суд боварӣ надоранд ва ин сабаби ҷустуҷӯи адвоактҳои миёнарав мегардад ва онҳо мехоҳанд бо чунин роҳ кори худро ҳал кунанд. Дар натиҷа, ба чунин ашхоси фиребгар вомехуранду ҳам аз маблағашон мемонанд ва ҳам тантанаи адолати судиро то вақти дигар интизор мешаванд. Ин усули «тантанаи адолат» на танҳо институти судӣ ва тарзи истифода аз онро зери суол мебарад, балки обрӯи ин “ҳукумати сеюм”-ро дар ҷомеа коста мегардонад…
…Жанна аз дасти Фемида дур гурехта натавонист. Ҳамагӣ пас аз чанд соати нопадид гардидани ӯ аз саҳни бинои суди ноҳияи Фирдавсӣ, ӯро дар хонааш боздошт карданд. Ниҳоят, пас аз пурсиши шумораи зиёди фиребхӯрдагон ва таҳлили ҳуқуқии рафтори Жанна Исроилова суд ба хулосаи дурусте омад , ки вақти ба ҷазои аъмолаш расидани адвокат-миёнарав-фиребгар-ришвахӯр фаро расидааст ва ҳукми ниҳоии ӯро эълон намуд: 8 солу 6 моҳро ӯ бояд дар паси дарҳои бастаи зиндон сипарӣ намояд. Аммо бояд зикр намуд, ки дар ҳамин ҷо низ қонунҳои кишвар нисбати чунин шахсон бештар майли инсондӯстона доранд. Масалан, дар ҳолати пурра барқарор намудани зарари ба шаҳрвандон расонидааш Жанна боз метавонад аз озодӣ нафас кашад. Баъзе аз шоҳидони ин парванда, ки нахостанд номашонро зикр кунем, гуфтанд, ки Жанна Исроилова ба номи хешу ақрабои худ моликияти гаронбаҳо, аз қабили хонаҳо, дорад. Агар ин хешон пас аз ҳабс шудани адвокати найрангбоз аз хешигарӣ бо ӯ даст накашанду моликияташро фурӯхта маблағи даъвогаронро бозпас диҳанд, дар он ҳолат Жанна — хонум метавонад ба озодӣ барояд. Вале ӯ барои як муддати муайян дигар фаъолияти адвокатии худро идома дода наметавонад ва ин низ дар ҳукми суд зикр гардидааст. Шояд ҳазор сол боз мардум мегӯянд, ки “бори каҷ ба манзил намерасад”. Вале аҷоиботи кор дар он аст, ки новобаста ба ин, боз ҳастанд нафароне,ки мехоҳанд онро коре карда, ба манзил расонанд. Меҳнати беҳуда…
Абдумудассир АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
P.S. Вақте,ки маводи мазкур омодаи чоп мегардид, адвокати ҷабрдидаҳо Файзи Олӣ хабар дод, ки Жанна Исроилова 77 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шуда, ки ҳар рӯзи дар маҳбас будани ӯ 25 сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Яъне, ӯ ин маблағро супорида, ба озодӣ мебарояд…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ