Ҷефф Безос гуфт, ки мавриди шантаж қарор гирифтааст

Ҷефф Безос, молики ширкати Amazon рӯзи панҷшанбе гуфт, вай мавриди қаллобӣ ва «шантаж»-и нашрияи National Enquirer қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Безос, нашрия таҳдид кардааст, агар миллиардер аз идомаи таҳқиқот дар бораи пайдо кардани аксҳои хусусӣ ва муколамаи электронии Безос даст накашад, аксҳои урёни ӯро нашр хоҳад кард.

Безос номаҳои электронии нашрияи National Enquirer ҳамагонӣ кард, ки аз вай талаб мешавад, аз идомаи таҳқиқот даст кашад. Безос, ки бештар аз 130 миллард доллар сарват дорад, бо киро кардани детективи хусусие мехоҳад, дақиқ кунад, ки чи гуна аксҳои ишқварзии вай бо маъшуқааш ба дасти нашрия расидааст. Чанде пеш нашрияи National Enquirer мақолаеро дар бораи робитаҳои ғайриникоҳии Безос нашр кард. Як рӯз пеш аз нашри мақола Безос хабар дод, ки аз ҳамсараш ҷудо мешавад.

Ба гуфтаи молики Amazon, хабари шуруъи таҳқиқ роҳбари нашрия Дэвид Пекерро ба хашм овард. Пекер бо тими президенти ИМА Доналд Трамп робитаҳои зич дорад. Безос ҳамчунин афзуд, инъикоси қатли рӯзноманигори Саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ аз сӯи нашрияи Washington Post низ мумкин аст, Пекерро ба хашм оварда бошад. Нашрияи Washington Post ба Безос тааллуқ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *