Назарбоев ва ақрабояш ҷиноятпеша набуда, аммо дигар ӯ элбасӣ нест
Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сарқонуни Ҷумҳурии Қазоқистон элбасии нахустпрезиденти ин кишвар Нурсултон Назарбоев эътибори худро аз даст хоҳад дод.
Дар ин бора хабаргузории Sputnik Қазоқистон бо такя ба раиси маҷлис (палатаи поёнии парлумон) Ерлан Кошанов хабар додааст.
«Тағйирот мақоми элбасиро истисно мекунад. Нақши Назарбоев ҳамчун асосгузори давлат дар Қонуни асосӣ боқӣ мемонад. Пас аз тасвиби ин меъёр қонуни конститутсионӣ дар бораи президенти аввал низ эътибори худро гум мекунад»,- гуфт Кошанов дар ҳошияи ин нишаст.
Вай ҳамзамон тавзеҳ дод, ки тағйироти конститутсионӣ феълан дар Шӯрои конститутсионӣ қарор доранд.
Раиси маҷлис ҳамзамон гуфт, ки дар Қонуни асосии феълӣ меъёр дар бораи президентҳои собиқ мавҷуд аст, он боқӣ мемонад ва мутаносибан ба раисиҷумҳури аввал тааллуқ дорад.
— Лек то ҳанӯз тасмими мушаххасе дар бораи қабули дақиқи ислоҳи Қонуни асосӣ — тавассути раъйпурсӣ ё тавассути парлумон гирифта нашудааст,- хабар дод манбаъ.
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки Нурсултон Назарбоев бар асоси қонун дар бораи президентҳои собиқ нафақа, ҳимояти давлатӣ ва ҳимояи шаъну шараф хоҳад гирифт.
Қаблан расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки ба нахустин президенти ин кишвар расман унвони «асосгузори Қазоқистони мустақим» дода мешавад. Ин тасмимро гуруҳи корӣ, бо супориши раисҷумҳури Қазоқистон, ки ба ислоҳоти сарқонун машғуланд, қабул кардааст.
Нурсултон Назарбоев тақрибан 30 сол дар Қазоқистон раҳбар буд. Ӯ 20-уми марти соли 2019 аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Ҳамзамон баъдан ӯ мақоми раиси Шӯрои амният, раҳбарии ҳизби «Нур Отан» ва раисии Ассамблеяи мардуми Қазоқистонро нигоҳ дошт.
Дар соли 2021 Назарбоев эълом дошт, ки аз курсии раиси АМҚ канор рафта, салоҳиятҳоро ба раҳбари кунунии Қазоқистон вогузор мекунад.
Назарбоев 5-уми январи соли 2022 ваколатҳои раиси Шӯрои амниятро ба Тоқаев вогузор кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ