Назаре ба публитсистикаи сиёсии устод Айнӣ
Ба муносибати 145-солагии устод Садриддин Айнӣ китоби нави номзади илми филология, сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” Эҳсон Сафарзода бо номи “Назаре ба публитсистикаи сиёсии устод Айнӣ” (Душанбе, 2023.- 102 с.) ба нашр расид.
Китоб фарогири ду бахш буда, бахши аввал “Заминаҳои публитсистикаи сиёсии устод Айнӣ (дар асоси маводи “Шуълаи инқилоб” ва повести “Ҷаллодони Бухоро”) ва бахши дуюм “Худшиносии миллӣ, сиёсат ва Шарқ дар публитсистикаи С. Айнӣ” номгузорӣ шудааст.
Дар бахши аввал фаъолияти устод Айнӣ дар маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” ва повести “Ҷаллодони Бухоро” ва дар бахши дуюм мақолаҳои устод Айнӣ — “Масъалаи Шарқ”, “Аҳволи Эрон”, “Ҳукумати Шӯроии Туркистон ва масъалаи Шарқ”, “Бархез, Шарқи мазлум, ки урдуи Шарқ расид”, “Инқилоби байналмилал, мамлакатҳои Туркия, Ҳиндустон ва Афғонистон” ва чанде дигар мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудааст. Китоби мазкур дар такя ба сарчашмаҳои муътамади илмӣ таҳия гардида, дар он бори аввал ба публитсистикаи сиёсии устод Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳ карда шудааст.
Китоби “Назаре ба публитсистикаи сиёсии устод Айнӣ” китоби чоруми муҳаққиқ Эҳсон Сафарзода буда, қаблан китобу монографияҳои “Ҳувияти миллӣ дар осори публитсистии устод Айнӣ”, “Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ” ва “Роль Садриддина Айни в становлении национального самосознания таджиков”-ро ба табъ расонидааст.
Насриддин ОХУНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ