НДС-и 18 фоиза бармегардад?
Аз соли нави 2019 дар Тоҷикистон муҳлати имтиёзи муассисаҳои хӯроки умумӣ ба поён мерасад ва моликони ошхонаву қаҳвахонаҳо муаваззаф хоҳанд буд ба ҷои 5 фоиз, 18 дарсад НДС супоранд.
Интизор меравад соли нави 2019 на танҳо барои муассиаҳои соҳаи хӯроки умумӣ, балки барои соҳаи сохтмон ва муассисаҳои таълимӣ низ гаронии андозро бо худ биёрад. Қарор аст андози ин арсаҳо ҳам аз 5 дарсад то ба 18 фоиз боло равад.Тоҷикистон соли 2013 Кодекси нави андоз қабул кард ва тибқи он, меъёри андоз аз арзиши иловашуда то 18 дарсад боло бурда шуд, ки норизоятии чанде аз бахшҳо, аз ҷумла ширкатҳои хӯроки умумӣ ва мактабҳои хусусиро ба бор оварда буд. Соли 2014 Ҳукумати Тоҷикистон бо як тасмими хеш меъёри андоз аз арзиши иловашударо барои ширкатҳои таълимӣ, сохтмон ва хӯроки умумиро аз 18 дарсад то ба 5 поин бурда буд.Дар раёсати сиёсати андози Вазорати молия гуфтаанд, ки то ба ҳол муасиссаҳои соҳаи маориф, сохтмон ва хурокӣ умумӣ аз рӯи меъёри паскардашуда андоз аз арзиши иловашуда пардохт мекарданд. Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон як тарҳи тамдиди ин имтиёзро ҳам дар даст доранд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё Ҳукумат онро қабул мекунад ё не ва кадоме аз соҳаҳо шомили он мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ