Худкушии сарбоз дар Панҷ

Даврон Илҳомзода, сокини шаҳри Истаравшан, ки дар ноҳияи Панҷ адои хидмати ҳарбӣ мекард, дар қисми низомӣ худкушӣ кардааст.

Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ки тобутро нокушода бигӯронанд. Ӯ рӯзи 9 ноябр, баъди шунидани хабари марги модаркалонаш даст ба ҷони худ задааст. Баъди ҷудо шудани падару модараш, Давронро бибияш тарбия мекард. Даврон Илҳомзода, ки 25 сол дошт ва дар Душанбе кори сохтмон мекард, 7 моҳ пеш ба дасти «облава” афтода, барои хидмати ҳарбӣ ба ноҳияи Панҷ фиристода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *