Неъмат Қарабоев бе “маршрутка” мемонад
Мақомоти шаҳрдории Душанбе шурӯъ аз 16 январ ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и хатсайри №33-ро дар кӯчаи Неъмат Қарабоев манъ мекунад.
Минбаъд микроавтобусҳои №33 танҳо дар роҳи соҳили дарёи Душанбе ба мусофирон хизмат мерасонанд.Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин қарор бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон қабул шудааст.Қобили зикр аст, ки қаблан ҳаракати микроавтобусҳои №№2, 19 ва 52 дар кӯчаи Неъмат Қарабоев манъ гардида буд. Ҳамин тариқ, ин кӯчаи пойтахт аз ҳаракати микроавтобусҳои мусофирбар комилан холӣ мешавад. Гуфта мешавад, дар ин самт ҳаракати автобусҳои №2 (Терминали мусофирбарии Шарқ-транс — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ), автобусҳои №18 (кӯчаи Гагарин — маҳаллаи Пахтакор), троллейбусҳои №4 (маҳаллаи Гулбутта — Фурудгоҳ), №12 (Маркази савдои Тоҷикистон – маҳаллаи Гулбутта) зиёд карда шуда, фосилаи ҳаракати онҳо кам карда мешавад.Мебояд гуфт, имрӯз ҳаракати микоавтобусҳои мусофирбар дар хиёбони Рӯдакӣ низ манъ буда, дар он танҳо автобусу троллейбус ва таксиҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.Айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 3 ҳазору 31 адад микроавтобусҳо ба мусофирон хизматрасонӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ