Ҷастин истеъдоди мағлуб намудани Ҳабибро дорад

Қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук — Александер Волкановски фикру ақидаи хешро нисбати разми Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гэтжи чунин иброз намуд. Ба ақидаи ӯ дар ин вохӯрӣ Ҳабиб Нурмагомедов дучори мушкилии бузург мешавад.

«Ҷастин истеъдоди мағлуб намудани Ҳабибро дорад. Ӯ дорои малакаҳои муборизи махсус аст. Ӯро мағлуб намудан душвор аст. Ӯ ҳилаҳои Ҳабибро хуб омухтааст. Ҷастин ба ин набард пурра омода шудааст. Фикр мекунам, ки дар ин вохӯрӣ Ҷастин Гэтжи пирӯз мешавад», — гуфт Александер Волкановски дар мусоҳибаи Menace Tube.

Вохӯрии Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гэтжи санаи 24-уми октябр дар доираи рақобатҳои UFC 254 сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *