Қаҳқаҳа бо 5 миллион доллар худашро зеб медиҳад…

Дар кишвари мо ёдгориҳои торихии бисёре мавҷуддаст, ки аксари онҳо бостонӣ буда аз ториху фарҳанги кишвар бозгӯянд. Яке аз чунин ёдгориҳо Қалъаи Ямчун ё худ Қаҳқаҳаи водии Вахони Ишкошим мебошад. Аммо ин ёдгориҳо биноба сабабҳои гуногун аз мадди назар дур монда рӯ ба харобӣ овардаанд.
Агар ба тармиму аз навсозии онҳо сари вақт назри солим равон насозем шояд ин ёдгориҳои боарзишро ҳифз карда натавонем. Бинобар ин агар Қалъаи Ямчун тайи чанд соли оянда таъмир ва барқарор нашавад, пас комилан аз байн хоҳад рафт.

Дар ВМКБ қариб 150 лоиҳаи мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ бояд бо кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ ва ҳамчунин Вазорати молия амалӣ гардаднд.
Қалъаи Ямчун ё худ Қаҳқаҳаи водии Вахони ноҳияи Ишкошим ба ин лоиҳаҳо ҳам шомил гардид, ки барои таъмиру барқарорсозии он 5 миллион доллар ҷудокарда шудааст.

Агар мо тоирихи будани худро исбот намоем, пас бояд қадри кӯчактарин ёдгории мерос монда бирасем ва онҳоро ҳифз намоем.
Бояд барои тармими ин қалъа нафарони ҳунарманду донандагони хуби сохтмонҳои бостонӣ шомил бошанд, ки дар раванди тармим ба нозукиҳои сохти қалъа диққат равона созанд. Дилсӯз бошанд ва дасту нияти пок дошта бошанд!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *