Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

25 ҳазору 200 сомонӣ деҳу як моҳ хизмат намо!

Арзиши хидмати алтернативӣ дар артиши Тоҷикистонро, ки як моҳ тӯл хоҳад кашид, муайян кардаанд. Бино ба қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, нархи ин навъи хидмати сарбозӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 60 сомонӣ) аст, ки ба 25 ҳазору 200 сомонӣ баробар мебошад.

Дар ин бора пойгоҳи Your.tj рӯзи 16-уми август хабар дода, навишт, қарори ҳукуматро Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30-юми июл имзо карда буд, вале он нав дастраси расонаҳо шуд.

Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар поёни моҳи январи имсол ислоҳ кард ва мувофиқи он мафҳуми хидмати алтернативӣ ҷорӣ шуд.

Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Шумори ҷавононе, ки хидмати алтернативиро метавонанд сипарӣ кунанд, ҳар сол аз тарафи ҳукумат муайян мегардад.

Ҷавононе, ки пули хидмати алтернативиро пардохтаанд, вале дар мавсими даъват ба артишбарояшон ҷой намерасад, дар мавсими дигар онҳоро ба  хидмати якмоҳа мегиранд. То он замон нафароне, ки пули хидмати алтернативиро падохтаанд, ба артиш бурда намешаванд.

Бино бар тағйироти воридшуда ба қонуни сарбозӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо пас аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.

Минбаъд танҳо шахсоне ба мақомоти прокуратура, суд, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хидмати ҳарбӣ кардаанд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз нигарон кунандааст. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон мебошанд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд, дар ин давра даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.