Азим Иброҳим аз зарари пандемия гуфт

Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки зарари умумӣ ба иқтисоди кишвар метавонад зиёд аз 2 миллиард долларро ташкил диҳад ва дар оянда ҳам афзоиш ёбад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки ҳатто сар аз ҳамин рӯз мусофиркашониро бо қатор ба кишварҳои дигар, шурӯъ кунад. Вале ба гуфтаи ӯ, бинобар мавридҳои зиёди гирифторӣ ба корнавирус дар Русия, аз ин амр ҷилавгирӣ мекунанд.
Дар даврони пандемия ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия мунтазири бозгашт ба ватан буданд ва бахше аз онҳо ба воситаи парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавӣ ба кишвар баргаштанд, вале бархеи дигар ба сабаби камии пулу нарасидани навбат мунтазири кушода шудани роҳи оҳану роҳҳои заминӣ монданд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ ҳамзамон гуфт, ки ҳар як вагони бордор вақте вориди Тоҷикистон мешавад, нахуст аз лиҳози беҳдошти пурра коркард шуда, сипас иҷозаи вуруд дода мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон аз ин қабл гуфта буданд, ки зарари умумӣ ба иқтисоди кишвар метавонад зиёд аз 2 миллиард долларо ташкил диҳад ва дар оянда ҳам афзоиш ёбад
Президенти Тоҷикистон дар моҳи сентябр дар 75-умин нишасти солонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, пандемия ба сармоягузории хориҷӣ, тиҷорат, сайёҳӣ ва ба вижа фаъолиятҳои нақлиётӣ таъсир расонда, боиси паст рафтани тамоми соҳаҳои иқтисод шудааст.
Пандемия ҳамчунин боиси коҳиши наздик ба 40 дарсадии пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия шуд.
Аз моҳи март ба ин тараф парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистон қатъ шуда, арсаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, ки як бахши пурдаромади иқтисод ба шумор мераванд, тақрибан аз даромад бозмондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *