Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бобои исфарагӣ бо наберааш якҷо мурд

Тавре ВКД  хабар медиҳад, 5-уми октябри соли 2021, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҷалолов Ҳомидҷон, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Кучкак-Исфара-Гулистон» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ГАЗ-330210», таҳти идораи ронанда, Партовов Саидмаҳмад Давлатович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҷалолов Ҳ. ва набераи хӯрдсолаш Ҷалолов Муҳаммадюсуф Муҳиддинович, соли таваллудаш 2011, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Ҷалолова Замира Раҳимовна, соли таваллудаш 1963 ва Ҷалолова Зарина Абдуҷабборовна, соли таваллудаш 1994, хӯрдсол Ҷалолов Аъзамҷон Муҳиддинович, соли таваллудаш 2018, сокинони ҳамон ҷо ва ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-330210» Партовов С.Д. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.