Данғара ба хориҷа гӯшти мурғ содир мекунад

Дар ҷамоати Себистони Данғара бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ бунёд ёфта, гӯшташ ба хориҷ содирот мешавад.  

Машокир Назаров, роҳбари КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон»- корхонаи тобеи вазорати кишоварзӣ гуфт, ки  фабрикаи мазкур дар ҳоли бунёдшавӣ қарор дорад. «Интизор меравад, коргоҳи парвандапарварӣ дар арафаи таҷлили Наврӯз ё ҷашни Ваҳдати миллӣ ифтитоҳ шавад», — афзуд Назаров.

Иқтидори ғунҷоиши парранда 600 ҳазор сар ва истеҳсоли гӯшт 5 000 тонна дар як рӯз арзёбӣ мегардад. Машокир Назаров таъкид кард, ки гӯшти истеҳсолкардаи коргоҳ асосан ба хориҷ содир хоҳад шуд, ки дар ин ҷода аллакай бо Ӯзбекистон ва Туркия шартнома баста шудааст.

Коргоҳ аз ҷониби ширкати «Авесто групп» бунёд хоҳад ёфт.  Фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара бузургтарин коргоҳ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *