Дар Ҳукумат чӣ тағйирот шуд?

 Ҳайати нави Ҳукумати Тоҷикистон эълон гардид. Бино ба фармонҳои Президенти  Тоҷикистон, ки 3-юми ноябр нашр шуд, аксар аъзои пешини Ҳукумат дар мансабҳои худ монданд.

Танҳо панҷ узви ҳукумат нав шуд:

  • Матлубахон Сатториён, муовини сарвазир
  • Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ
  • Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
  • Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав
  • Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об.

Матлубахон Сатториён то ин дам ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократӣ дар Суғд ва Сулаймон Зиёзода ба ҳайси раиси ноҳияи Деваштич кор мекарданд.

Ширин Амонзодаи 42-сола дар мансаби раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Қаблан дар Комиссариати олии кор бо гурезаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон фаъолият дошт.

Шералӣ Кабир раиси Шӯрои мудирони ширкати “Талко” ва Далер Ҷумъа раиси ширкати “Помир Энержӣ” буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *