Хатлон: нақшаи даъват ба артиш иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон беш аз 100 дарсад иҷро шудааст.                                                                                

Ба иттилои Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи таҳлилию иттилотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, нақшаи даъват давоми як моҳи октябр 100,1 дарсад иҷро шудааст.   

Даъватшудагон ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои мамлакат тақсим шуда, наваскароне, ки аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Ба иттилои манбаъ шаҳру наҳияҳои Хуросон, Норак, Данғара, Шаҳритус, Ҷайҳун, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Муъминобод, Балҷувон ва Темурмалик нақшаи тирамоҳии даъват ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр пурра иҷро намуданд.

Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 1-уми октябр оғоз гардида, то то 30-юми ноябри соли равон давом хоҳад кард.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *