Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дареғу сад дареғ Қурбоналӣ Раҳмон ҳам даргузашт…

Ӯ чанде буд дар беморхонаи Якум Советский бистарӣ буд. Чашминтизор будем, ки ин марди ҳунар шифои комил ёфта бармехезад.Аммо…дигар чи илоҷ! Ӯ ҳам моро тарк кард!

Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода аст (1977).
Ӯ солҳо роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳанг ва роҳбари ансамбли «Чашма”-и ноҳияи Восеъ буд.
Соли 1986 унвони Ҳунарпешаи шинохтаи ҶШС Тоҷикистон шуд.
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли «Дарё» ба кор даромад.
Ду сол баъд роҳбари ансамбли тарона ва рақси «Сомониён» таъйин шуд. Соли 2004 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Тайи як ду ҳафтаи моҳи июл коронавируси шум даҳҳо одамони намоёни аҳли илму фарҳанги Тоҷикистонро кушт. Оҳ, эй балои азим ту аз куҷо пайдо шудӣ? Чаро дастатро ба хуни ноҳақи мардумони оддию аҳли илму адаб олуда месозӣ? Чаро? Дар ин майдондорият боре шарм намекунӣ?! Ва ё ту бо ин амалат моро озмоиш дорӣ то бубинем, қудрати Худовандӣ чист? Агар ин не,пас чаро инсоният дар назди ту барин як вабои маргзо оҷиз монда? Туро чун балои сархӯр аз ҳамаҷо меронанд, вале боз аз дару равзанаҳову обмӯриҳо вориди ҳотаву хонаву қасрҳо мегардӣ? Охир ту чигуна вабоӣ, ки дармонатро наёфтанд?!

Аҳли эҷоди Pressa.tj аз даргузашти ишон сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон ва хешу ақрабояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоста даст ба дуоянд, то ҷои марҳум дар Биҳишяти ҷовидонӣ бошад!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.