Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду заминҷумбие, ки даҳҳо ҳазор тоҷикистониро куштанд…

Баъди 72 соли фоҷиаи Ҳоит боз заминларза одамонро кушт

Расо баъди 72 соли заминҷунбии Ҳойит, ки субҳи 10 июли соли 1949 рух дода буду даҳҳо ҳазорро кушта мардуми кишварро дар суг шинонда буд, боз заминларзаи маргбор такрор ёфта чандин касро кушт

Субҳи 10 июли соли 2021 дар шарқи Тоҷикистон заминларза рух дод, ки бино ба иттилои аввалия 5 нафар ба ҳалокат расида буд. Аз ҷумла 4 кӯдаки аз 6 то 12 – сола. Расман мақомот то ҳол аз харобшавии ҳудуди 20 хона хабар додаанд, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ теъдоди хонаҳои осебдидаро садҳо адад мегӯянд.

Барои дақиқ кардани хисороту талафоти заминларзаи имрӯза таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон гуруҳи махсуси корӣ таъсис ёфта, бисёре аз аъзои ҳукумат ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки маҳз субҳи 10 июл ва маҳз дар шарқи Тоҷикистон пурфоҷиатарин заминҷунбӣ дар таърихи кишвар рух дода буд.

Яке аз пурфоҷиатарин заминларзае дар ҷаҳон соли 1949 соати тақрибан 9 –и саҳари 10- уми июл Тоҷикистонро сахт такон дод, ки дар як мижа задан Ҳойит ба хок яксон шуд. Заминҷунбӣ, ки рехтани кӯҳу сангпораҳо ва селро дар пай дошт, ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуд.
Аз рӯи маълумоти гуногун, он замон аз 15 то 40 ҳазор одамон зинда ба зинда зери хок монда ба ҳалокат расиданд.

Ва боз ин офат дар ҳамон рӯз дар ҳамон манотиқи кишвар рух зада хисороти ҷониву молии зиёде ба бор овард.
Аҳли эҷоди Pressa.tj ба ҳамаи оилаҳое, ки аз ин офати табии пайвандону наздикони худро аз даст додаанд ғамшарик буда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамилро хоҳонанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.