Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев вазъи Қазоқистонро баррасӣ карданд
Президентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар як суҳбати телефонӣ авзоъ дар Қазоқистонро баррасӣ карда, ҷонибҳоро ба худдорӣ ва ҳалли мусолиматомези масоили бамиёномада даъват намудаанд.
Бино ба иттилои «Газета.uz», зимни суҳбат сарони давлатҳо муҳимияти муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистонро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба вазъи минтақа, аз ҷумла вазъи кунунии Қазоқистони ҳамсоя табодули афкор намудаанд.
Гуфта мешавад, ки раҳбарони ду кишвар ҷонибҳои марбут ба ҳаводиси кунуниро ба худдорӣ ва ҳалли мусолиматомези масъалаҳои бамиёномада даъват кардаанд.
Сарони давлатҳо омодагии худро барои саъю кӯшиши муштарак ҷиҳати рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа изҳор доштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ