Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Коҳиши сироятёбии COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии кишвар омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва маргу мир аз коронавирусро нашр кард, ки мувофиқи он, суръати сироят аз КОВИД-19 дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурии 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, ки ин нишондод як рӯз пеш 54 касро ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, аз 30 апрел то 6 июл шумораи сироятёфтагон дар Тоҷикистон аз коронавирус» ба 6262 нафар расидааст.

Ба иттилои расонаҳо, то имрӯз дар мамлакат 4914 нафар ё худ 78,4%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд. Ва Шабонарӯзи охир 218 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 56 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj