Ниқоб беҳтар муҳофизат мекунад ё фосила?

Як ниқобро бояд якчанд соат ифтифода карду халос.

Коршиносон чанд иштибоҳ ҳангоми пӯшидани ниқоби тиббиро номбар карданд, ки дар натиҷа пӯшидани ниқоб барабас хоҳад рафт

Барои пешгирӣ аз коронавирус бояд пеш аз ҳама ниқоби тиббиро дуруст ба рӯй пӯшид, мегӯяд коршинос, номзади илмҳои тиббӣ Владимир Зайтсев.

Ба гуфтаи вай, ниқобро ҳеҷ вақт набояд ба манаҳ пӯшид. Ӯ таъкид кард, ки он бояд ҳатман даҳон ва биниро пӯшонад.

Пизишк қайд кард, ки бархе шаҳрвандон як ниқобро рӯзҳо ва ҳатто ҳафтаҳо мепӯшанд. Одамон онро на барои муҳофизат аз коронавирус, балки барои ҷарима нашудан дар нақлиёт ё мағозаҳо ба рӯй мекашанд.

Коршинос таъкид кард, ки ин амал тамоман нодуруст аст. Ба гуфтаи вай, як ниқобро бояд якчанд соат ифтифода карду халос. Табиб ҳамчунин ёдрас шуд, ки пас аз расидани дастон ба ашёҳои гуногун чи дар ҷои кор ва чи нақлиёт қапидани рӯй мамнӯъ аст. 

Зайтсов таъкид кард, ки роҳи беҳтарини муҳофизат аз коронаиврус нигоҳ доштани фосилаи якним, думетрӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *