Президент: Мо бо Манижа ифтихор дорем

Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба гуфтугузорҳое,ки имрӯз дар Русия алайҳи овозхони тоҷик Манижа Сангин идома доранд, изҳори назар кард. Ӯ ишора ба вокунишҳои шадид алайҳи овозхони тоҷиктабор намуда, гуфт: «Манижа сари ҳамаро вайрон кард ва бархеҳо ӯро чашми дидан надоранд».

Президент махсус қайд кард, ки Манижа Сангин тоҷик буданашро доим мегӯяд.

«Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст», — таъкид кард вай.
Ҳамчунин президент ҳунари овозхонро тавсиф кард.

«Зебо месарояд. Мо бо ӯ ифтихор дорем», — гуфт Президенти Тоҷикистон. Дар худи Русия низ онҳое, ки Манижаро дастгирӣ мекунанд, дар байни ҳунарамандон кам нестанд.
Аз ҷумла, бештари ситораҳои шоу-бизнеси Русия ба Манижа Сангин барои ширкат дар “Евровидение” муваффақият таманно кардаанд.

«Евровидение – 2021». Чаро ширкати тоҷикдухтар мавзӯи рақами як ва баҳси сиёсӣ шуд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *