Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сӯхтори Испечак, 11 нафар зарар дид

Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, бар асари сӯхторе, ки дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ба амал омад , 11 кас ҷароҳати сабук бардоштаанд. Сӯхтор шоми якуми май дар маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино рух дод ва як таркише, ки дар он ҷо рух дод, мардумро ба таҳлука андохт.
Мақомоти ВКД сабаби сар задани ҳодисаро “риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” номиданд.
Ба иттилои расмӣ, “бар асари ҳодиса дар масоҳати 90 метри мураббаъ Нуқтаи фурӯши сӯзишвориро бо миқдори зиёда аз 60 тонна захираи маводҳои сузишворӣ оташ фаро гирифт.”
Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ниҳодҳои дигар ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.