Сафири Русия дар ИМА: Бетартибиҳо дар Қазоқистон аз берун барангехта шуданд

Сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов изҳори итминон кард, ки бетартибиҳо дар Қазоқистон аз берун барангехта шудаанд, аммо Маскав ба ин ҷумҳурӣ барои барқарории сулҳу оромӣ дар кӯчаҳои шаҳрҳояш кумак хоҳад кард.

«Русия ангезаҳои берунаро омили ташаккули рӯйдодҳо бо истифода аз зӯроварӣ дар як кишвари амн барои барҳам задани амнияту якпорчагии он мешуморад. Мо дар самти талошҳо барои барқарор кардани ҳаёти муқаррарӣ дар Қазоқистон кумак хоҳем расонд»,- гуфтааст ин дипломати рус дар мусоҳиба бо маҷаллаи Newsweek.

Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар рӯзҳои аввали соли нав ба далели якбора боло рафтани қимати газ оғоз ёфтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *