Дар Нур-Султон дастрасӣ ба интернети ноқилӣ дигарбора имконпазир шуд

Дастрасӣ ба интернети ноқилӣ, ки аз рӯзи ҷумъа дар пойтахти Қазоқистон қатъ шуда буд, имрӯз, 8-уми январ имконпазир гардид. Дар ин бора ТАСС хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, пайвастшавӣ ба интернети мобилӣ то ҳол имкон надорад.

Ин далел, ки дар Қазоқистон кори интернет қатъ шудааст, рӯзи 5-уми январ маълум гардид. Дар ин кишвар паёмрасонҳо низ, бахусус What’s App ва Telegram дастрас набуданд. Рӯзи 7-уми январ президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев зимни паёмаш ба мардум тасмим гирифт, ки интернетро дар баъзе минтақаҳои кишвар дар фосилаҳои муайяни вақт фаъол созад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *