Вазорати фарҳанг тоқипӯширо қонунӣ кард

Кормандони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон минбаъд барои нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ бояд дар ҷои кор тоқӣ пӯшанд.

Дар ин бора сардори раёсати вазорати фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков хабар додааст.

«Акнун кормандони Вазорати фарҳанг дар рӯзҳои корӣ тӯппӣ, кулоҳи  миллии ӯзбекӣ мепӯшанд. Бо ин иқдом мо кӯшиш мекунем, ки дар тарғиби анъанаҳои миллӣ намунаи ибрат нишон диҳем», — гуфт Назарбеков.

Дар наворе, ки вазир нашр кардааст, дида мешавад, ки мардону занон дар ҷои корашон бо тоқӣ нишастаанд.

«Намояндагони тамоми соҳаҳо, мардуми эҷодкор, ватандӯстон, ва аз волонтёронро даъват карда мешавад, ки ин иқдомро дастгирӣ намоянд. Шитобед, боз як арзиши дигаре, ки қонуни асосии мо онро ҳифз кардааст, дубора эҳё намоем», — даъват кард Назарбеков.

Дар авоили моҳи июл Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон қонун дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ дар таҳрири навро ба тасвиб расонд. Ӯ аз ҷумла манъи пӯшидани ҳиҷоб ва дигар либосҳои мазҳабиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ лағв кард.

Моҳи сентябр Вазорати маорифи бо дархости падару модарон иҷозат дод, ки дар мактабҳо ба кӯдакон пӯшидани рӯймол ва тоқӣ иҷозат дода шавад. Вазорат тавзеҳ дод, ки чунин пӯшидани чунин либос ҳамчун истисно иҷозат дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *