НФС-и ба номи Дилшод Назаров
ҶДММ «Газпром нефть — Таджикистан» нуқтаи фурӯши сӯзишвориашро дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе (маҳаллаи Лучоб) ба номи чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров гузошт.
Дар маросими тантанавии номгузорӣ намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тоҷирону соҳибкорон, ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд. Директори генералии ҶДММ «Газпром нефть — Таджикистан» Фарҳод Мирзоев аз қаҳрамонии гурзпарто Дилшод Назаров дар Олипиадаи Рио-де-Жанейро ёдовар шуда, иқдоми худро ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба комёбии беназири чемпиони олимпӣ маънидод кард.
Дилшод Назаров аз чунин гиромидошт изҳори миннатдорӣ намуд:
— Бовар дорам, ки медали тиллои ман барои рушду инкишофи минбаъдаи варзиши тоҷик такони ҷиддӣ медиҳад. Мо ҷавонони баистеъдоду қобилиятноки зиёде дорем, ки дар намудҳои гуногуни варзиш ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд. Аз директори генералӣ Фарҳод Мирзоев хоҳиш дорам, ки ҳамкориро бо сохторҳои варзишӣ бештару зичтар гардонад, фақат дар ин сурат якҷоя метавонем варзишамонро ба фатҳи қуллаҳои баландтар равона созем.
Дар фарҷоми маросим ба Дилшод Назаров имтиёзномаи фахриро тақдим карданд, ки он ба чемпиони олимпӣ истифодабарии сӯзишвориро дар шабакаи НФС-ҳои «Газпромнефть» имкон медиҳад.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ