Нигаронӣ аз суръати пасти интернет дар чанд меҳмонхонаи Душанбе
Шикоят аз суръати пасти интернет дар чанд меҳмонхонаи Душанбе зиёд шудааст. Дар ин росто Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз масъулини меҳмонхонаҳои Душанбе талаб намуд, ки меҳмонони хориҷиро бо интернети босифати суръаташ на камтар аз 100 мбит/с таъмин намоянд.
Масъалаи суръати пасти интернет ахиран дар ҷаласаи Аҳлиддин Муртазозода, муовини сардори Хадамоти алоқаи кишвар ва намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, инчунин, ширкатҳои мобилӣ ва дастраскунандагони интернет ба миён гузошта шудааст.
Зимни ҷаласа масъулини Хадамоти алоқа аз суръати пасти интернет дар меҳмонхонаҳои “Душанбе”, “Авесто”, “Тоҷикистон” ва “Айнӣ” изҳори нигаронӣ намудаанд. Гуфтаанд, ки суст будани интернет боиси норозигии меҳмонони хориҷӣ мегардад.
Таъкид шудааст, ки таҷҳизоти техникии таъминкунандаи интернет дар меҳмонхонаҳои мазкур куҳнаву фарсуда ва корношоям гаштаанд. Аз намояндагони меҳмонхонаҳо талаб карда шудааст, ки ин масъаларо зудтар ҳал кунанд, меҳмонони хориҷиро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ