Нигаронии Азим Иброҳим: Дар Душанбе нақша иҷро нашуд

Дар бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазир Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Роҳбарони гурӯҳҳо дар ноҳияҳои пойтахт, муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, муовинони онҳо, роҳбарони КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе», Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва гармидиҳӣ ва сохторҳои дахлдори шаҳр иштирок доштанд.

«Мутаассифона, тибқи маълумоти пешниҳодгардида, ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда на дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр ба талабот ҷавобгӯй мебошад. Дар нимсолаи аввал иҷрои нақша чорабиниҳо дар ноҳияи И. Сомонӣ 54,4 %, Шоҳмансур 41,4%, Сино 41,1% ва Фирдавсӣ 37,4%-ро ташкил мекунад, ки қаноатбахш нест», —нигаронӣ намуд Азим Иброҳим.

Баъзе аз масъулин дар суханрониҳои худ сабабҳои қафомонии корҳоро ба маҳдудиятҳо, эълон шудани пандемия ва паҳншавии бемории коронавирус рабт доданд. Азим Иброҳим бо далелҳо роҳҳои ҳалли масъалаҳоро пешниҳод карда, таъкид намуд, ки чорабиниҳои вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар муҳлатҳои пешбинишуда ва бо сифати баланд бояд таъмин гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *