Рамазон зиндааст: Ҷавоне, ки солҳо меҷустанд пайдо гардид

Рамазон Ҳусайнов зодаи шаҳри Бохтар, ки солҳо бедарак буд аз маҳбаси Маскав пайдо гардид.

Дар мавриди пайдо гардидану аз маҳбас озод шудани ин ҷавон як корбари шабакаии иҷтимоии OK.ru Далер Сафаров хабар додааст.

Тавре ин корбари шабакаи иҷтимоӣ дар саҳифааш менависад : “Ҳусейнов Рамазон чандин соли бедарак шуданаш дар маҳбас будааст, ҳамин якчанд рӯз пеш аз маҳбас озод шудаасту вале аҳволаш хеле вазнин аст. Касеро дурӯст намешиносад ва хотирааш низ осеб дидааст. Аз ҳамаатон эҳтиромона хоҳиш мекунем то ба пайвандонаш дар шаҳри Бохтар расонед, ки Ҳусейнов Рамазон зинда буда, аз маҳбас озод шудааст ва бинобар ҳолати ногувораш ӯро ҳар чӣ зудтар ба Ватан баргардонидан лозим”. Далер меафзояд, ки мавсуфро ҳоло як гурӯҳ тоҷикони дар Русия буда, нигоҳубин доранд. Барои маълумоти бештар ва тамос бо рақамҳои зерин: 89042562423 занг занед ё тариқи саҳифаи иҷтимоии OK. RU — и Далер Сафаров дар иртибот шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *