Нигаронии шаҳрванд: чаро ғалат мегӯем?
Имрӯзҳо истифодаи калимаву ибораҳои бегона дар забони тоҷикӣ афзоиш ёфтааст, ки ин боиси нигаронист. Ҳамчунин, бисёр истилоҳҳо дар забони мо ғалат тарҷума шудаанд.
Барои мисол, дар телевизиону радио пайваста “фисад”, “хайра мақдам”, “волидайн” ва ғайра мегӯянд, ҳол он ки, тарзи дурусти баёни тоҷикӣ “дар сад”, “хуш омадед” ва “волидон” аст.
Ё “Министерство здравоохранение” ва “ Прогноз погоды” яке “Вазорати тандурустӣ” тарҷума шудаву дигаре “Агентии обу ҳавосанҷӣ”, ки ғалату ноҷо мебошанд. Яке бояд “Вазорати ҳифзи саломатӣ” ё “сиҳатии омма” бошаду дигаре “Пешгӯии боду ҳаво”.
Кумитаи забон ва истилоҳот бояд сари чунин ғалатҳо чора андешад.
Э. КАМОЛЗОДА, нафақагир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ