Нилуфар Тоҷикистонро дар Русия муаррифӣ мекунад

Тоҷикистонро дар ҷашнвораи 14-уми байналмилалии хайриявӣ дар Русия хонандаи синфи 10-ум муаррифӣ мекунад.

Дар натиҷаи марҳилаҳои интихобӣ дар Русия ва ҳашт давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироккунандагони ҷашнвораи 14-уми байналмилалии хайриявӣ муайян гардиданд. Дар байни онҳо хонандаи синфи 10-уми литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Нилуфар Азизоваи 16-сола низ мебошад.

Дар даври интихобӣ Нилуфар Азизова таронаи «Вақте ки ту бовар мекунӣ»-ро («When You Believe») пешниҳод намудааст.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳунари ӯ аз ҷониби аъзои ҳакамон, Ҳунарпешаи мардумии Русия Диана Гуртская баҳои баланд гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки 10-уми октябр дар шаҳри Москва гала-консерти фестивали «Асои сафед» барпо мегардад. Дар он ситораҳои эстрадаи Русия дар як саҳна бо кӯдакону наврасони биноиашон суст ҳунарнамоӣ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *