Идомаи сафари расмии Рустами Эмомалӣ дар Чин

Имрӯз, 21-уми август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони қаҳрамонони кишвари Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузошт.

Бино ба иттилои Маҷлиси миллии МО ҶТ, бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Рустами Эмомалӣ руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуд.

— Дар маросими гулчанбаргузорӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *