Ним миллион даллар пора барои «Истиқлол»
Додгоҳи шаҳри Душанбе як моҳ боз парвандаи Саидшариф Анваров – раҳбари собиқи УКС – раёсати сохтмони шаҳри Душанбе ва 6 шарики ӯ – пурсарусадотарин парвандаи Агентии зидди коррупсия — муҳокима мекунад. Анваров ва шариконаш ба додани қариб ним миллион доллар пора айбдор мешаванд.
Парвандаи Саидшариф Анваров – раҳбари собиқи УКС – раёсати сохтмони шаҳри Душанбе, ки пурсарусадотарин парвандаи Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар замони раҳбарии ин ниҳодро ба дӯш доштани Рустами Эмомалӣ – писари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд, алакай дар дасти баррасии додгоҳ қарор гирифтааст.
Дар додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки додрас Асомуддин Бобохонзода ба баррасии ин парванда ҳанӯз як моҳ пеш оғоз кардааст.
Саидшариф Анваров, ки як мӯҳраи калидӣ дар риштаи сохтмони пойтахти Тоҷикистон ба шумор мерафт ва бидуни ризоияту иҷозати ӯ дар шаҳри Душанбе ҳатто сохтани як дӯкон имкон надошт, моҳи октябри соли 2015 аз мақом барканор ва моҳи ноябр аз сӯи маъмурони Агентии мубориза бо коррупсия дастгир шуд.
Ин ниҳод баъди боздошти Анваров ва раҳбарони 6 ширкати сохтмонии дигар — Фазлиддин Маҳмудов ваФирӯз Раҳмонов- раис ва муовини раиси «Тоҷикколхозсохтмон»,Тоҳирҷон Тағоев– раҳбари «Жилестрой»,Олим Саидов- раҳбари ПМК-278, Тоҳирҷон Мирзоҷонов– раҳбари ширкати «Хонасоз-4» ва Қосим Фатҳуллозода- раҳбари «Саманд 2010» — эълон карданд, ки санҷиш дар ҷараёни сохтмони бемористони «Пойтахт-90” (ҳоло – «Истиқлол”) камбудиҳои зиёдеро ошкор кард ва Анваров бо шариконаш барои пӯшондани ин парванда ба як масъули Агентии мубориза бо коррупсия ба маблағи бузурги 448 ҳазору 700 доллар пора пешниҳод кардаанд.
Дар иттилоияи нашркардаи Агентӣ гуфта мешуд, ки «»Рӯзи 17 ноябри соли 2015 дар натиҷаи чорабинии фаврии маъмурони Оҷонсӣ миёнарав Фирӯз Раҳмонов ҳангомиба сифати пора додани 448 ҳазору 700 доллари амрикоӣ дастгир карда шуд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ