Баргузории даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2017

5 март дар вохӯрии аввал «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер», ки имсол ба қатори дастаҳои Лигаи олӣ аз нав шомил шуд, бозиро бо натиҷаи мусовӣ — 1:1 ҷамъбаст кард.

Бозии дуюми рӯз бо ширкати дастаҳои «Вахш» ва КМВА «Помир» низ мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт. Дастаҳо ба кушодани ҳисоб имкон наёфтанд.

8-уми март ду бозии дигар бо иштироки чемпиони феълии Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе бо «Барқчӣ»-и Ҳисор дар Варзишгоҳи марказӣ бо ҳисоби 6:0 ва «Ҳосилот»-и Фархор бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар шаҳри Кӯлоб боҳисоби 2:1 ҷамъбаст шуданд.

 Ҳамин тавр, пас аз анҷоми даври аввали чемпионат дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот» зинаҳои якуму дуюмро касб намуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *