Нишасти навбатии Гурӯҳи дӯстони об

Дар қароргоҳи СММ вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об доир гардид.

Дар чорабинии мазкур ба ҳайси панелистон Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Нидерландия Ёка Брандт, муовини Намояндаи доимии Амороти Муттаҳидаи Араб Мухаммад Исо Абушахаб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Намояндаи Тоҷикистон зимни баромади хеш аҳаммияти натиҷаҳои Конфрони оби СММ-ро қайд намуда, дар бораи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар мавриди чорабиниҳои нақшавӣ ба аҳли нишаст иттилоо дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *