Нишасти вазирони хориҷии G20 дар Деҳлӣ оғоз шуд
Нишасти вазирони хориҷии G20 дар пойтахти Ҳиндустон — шаҳри Деҳлӣ оғоз шудаву идома дорад.
Интизор меравад, ки вазъ дар Украина, таъсири он ба тамоми дунё, амнияти озуқаворию энергетикӣ ва дигар мушкилоти ҷаҳон дар маркази таваҷҷуҳи вазирони хориҷии кишварҳои G20 қарор бигирад.
Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, раёсати ҷумҳурии G20 дар Ҳиндустон дар соли ҷорӣ талош мекунад, то ҷонибҳо тавонанд пас аз ин чорабинӣ як изҳороти муштараки мувофиқашуда интишор кунанд.
Гурӯҳи 20 (G20) як форумест, ки мансабдорони боломақоми давлатҳои дорои иқтисоди пешрафтатарин ва рӯ ба тараққиро мутаҳҳид мекунад. Дар ибтидо он ҳамчун як платформа барои вохӯриҳои вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои марказӣ барои баррасии масъалаҳои суботи молиявии ҷаҳон таъсис дода шуда буд, аммо сар аз соли 2008 қолаби вохӯриҳо тағйир ёфта, нишасти ниҳоии G20 дар сатҳи сарони давлатҳо баргузор мегардид ва G20 мақоми форуми марказӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодиро гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ